Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис аз боздошти ду мард хабар дод


Гумонбари қатли ду нафар
Гумонбари қатли ду нафар

Пулиси Дания аз боздошти ду марде хабар дод, ки ба бовари онҳо рӯҳои 14-15 феврал дар ду мавриди тирандозӣ ба шахсе ёрӣ расондаанд, ки ду нафарро ба қатл расондааст.

Пулис 16 феврал иттиҳомотро эълон кард, вале аз афроди гумонбар ном набурд ва танҳо бо гуфтани ин ҳарфҳо иктифо кард, ки ин ду нафар ба қотил “бо машварату раҳнамоӣ” ёрӣ расондаанд.

Пулиси Копенгаген дар ҷараёни як амалиёт 15 феврал гумонбари аслиро ба қатл расонд. Пулис аз ин гумонбари аслӣ ном набурд, вале матбуоти Дания вайро Умар Ҳусейн муаррифӣ кардааст.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки ин марди мусаллаҳро пулис медонист ва вайро тандравҳои исломӣ ташвиқ мекарданд. 14 феврал дар тирандозии аввал як филмбардори даниягӣ кушта шуд.

Ҳамлаи дуввум 10 соат баъд аз ҳамлаи аввал дар наздикии синагог рух дод. Дан Узан-узви ҷомеаи яҳудиҳои Копенгаген дар ин ҷо ба сараш тир хӯрд ва даргузашт.

XS
SM
MD
LG