Пайвандҳои дастрасӣ

Оташбаси Украина дар маҷмуъ дар давоми 24 соати аввали ҷорӣ шудани он риоя шудааст, бо вуҷуди ин ки дар атрофи шаҳраки Дебалтсево гаҳ-гоҳе садои тир ба гӯш расидааст. Ин тирандозиҳо аз тарафи ҷудоихоҳон дар Дебалтсево мояи нигаронӣ шудааст, зеро фармондеҳи ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки нируҳои онҳо метавонанд дар ин шаҳр ва атрофи он тирандозӣ кунанд, “зеро он қаламрави онҳост”.

САҲА, ки масъули назорат бар отшабас аст, мегӯяд, ки ҷудоихоҳон нагзоштаанд, то нозирони онҳо ба Дебалтсево раванд. Михайл Бочиюркив-сухангӯи САҲА 15 феврал гуфт, ки риоят нашудани оташбас аслан дар атрофи Дебалтсево мушоҳида шудааст, вале дар шаҳрҳои Донетску Луҳанск низ оташбасро нақз кардаанд.

Дар наздикии шаҳри Мариупол низ садои ташкиш ба гӯш расидааст. Низомиёни Украина гуфтаанд, ки ҷудоихоҳон аз аслиҳаи гуногун, аз ҷумла аз мушакандозҳои Град тирандозӣ кардаанд, то ба Дебалтсево ҳамла кунанд.

XS
SM
MD
LG