Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти вакилони Ҷамолиддин Маҳмудов


Ҷамолиддин Маҳмудов
Ҷамолиддин Маҳмудов

Вакилони мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов (Ҷалолиддини Маҳмуд), узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон аз болои қарори ду моҳ ҳабси зерҳимояашон шикоят кардаанд. Ҳафтаи гузашта Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт қарор кард, то анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ Ҷамолиддин Маҳмудов ду моҳ дар боздошт хоҳад буд.

Бузургмеҳр Ёров, яке аз вакилони мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов, рӯзи 16 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мехоҳанд тайи ду моҳи тафтишот Ҷамолиддин Маҳмудов дар озодӣ ва дар назди аҳли оилааш бошад.

Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми нигоҳ доштани ғайриқонуни силоҳ боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG