Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши оташбас дар Украина риоя мешавад


Созиши оташбас миёни ҷудоиталабон ва нерӯҳои Украина ки шаби 15-уми феврал ба иҷро даромад дар умум риоят мешавад, ҳарчанд дар бораи тирандозиҳои пароканда дар шарқи Украина гузоришҳо ҳам мерасанд. Садои тирандозиҳо умдатан дар атрофи шаҳри Дебалтсево шунида мешавад, ки рӯзҳои гузашта дар онҷо набардҳои сахт идома дошт. Яке аз фармондеҳони ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар ин минтақа ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, созиши оташбас ба шаҳри Дебалтсево дахл надорад, зеро ин шаҳр «қаламрави онҳо» мебошад. Як сухангӯи ҳукумати Украина гуфт, ки баъди ҳукми иҷро гирифтани созиши оташбас нерӯҳои давлатӣ 10 мартаба ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтаанд, вале касе аз сарбозон осеб надидааст. Артиши Украина гуфт, ки барои силоҳу тӯпхонаҳое, ки бояд аз манотиқи даргирӣ берун карда шаванд, анбор омода мекунад. Бар асоси тавофуқи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Минск, нерӯҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоиталабон бояд пеш аз соати 12 шаб ба вақти маҳаллӣ ва дар рӯзи 15-уми феврал даргириҳоро қатъ мекарданд.

XS
SM
MD
LG