Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати 6 кишвари арабӣ ба Созмони Милал


Шаш кишвари арабӣ аз Созмони Милали Муттаҳид хостанд, бар зидди Яман, ки ҳукуматашро ошӯбгарони шиамазҳаб ғасб карданд, иқдом кунад. Шаш кишвари узви Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ рӯзи 14-уми феврал ба Шӯрои Амният муроҷиат карданд, ки бар асоси банди ҳафтуми Маншури Созмони Милал амал кунад, ки иҷоза медиҳад, дар сурати таҷовуз ва халалдор кардани назми умум» аз нерӯи низомӣ истифода шавад. Ошӯбгарони қабилаи шиамазҳаби Ҳусӣ, моҳи сентябр пойтахти Яман шаҳри Санъоро ишғол карданд ва охири моҳи гузашта кохи раиси ҷумҳури Яманро низ ба даст гирифтанд. Баъди ин Абдурабӣ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури Яман ва ҳукуматаш истеъфо доданд. Рӯзи 6-уми феврал ошӯбгарон порлумони Яманро ҳам пароканда карданд ва бо раҳбарии Абдулмалик ал Ҳусӣ, ҳукумат ва маҷлиси муваққатро ташкил доданд. Амрико, теъдоде аз кишварҳои аврупоиву арабӣ аз бими ноамнӣ сафоратҳояшон дар Яманро бастанд.

XS
SM
MD
LG