Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми эронӣ ҷоизаи "Хирси тиллоӣ"-ро соҳиб шуд


Филми нави Ҷаъфар Паноҳӣ, коргардони дигарандеши эронӣ дар Ҷашнвораи Байналмилалии Филм дар Берлин рӯзи 14-уми феврал ҷоизаи беҳтарин филм, яъне "Хирси тиллоӣ"-ро соҳиб шуд. Дар филми “Таксӣ” худи Паноҳӣ нақши ронандаро иҷро мекунад ва бо сокинони гуногуни шаҳр достонҳои зиндагиашонро ба ҳам мегӯянд. Даррен Аронфски, коргардони амрикоӣ ва раиси доварони ҷашнвора, филми Паноҳиро “номаи ошиқӣ ба синамо” номид ва гуфт, ки филми “Таксӣ” “саршор аз муҳаббати коргардон ба ҳунару мардум, кишвар ва бинандагонаш аст.” Ҷаъфар Паноҳиро соли 2010 барои тарғиботи “зидди низом” ба 6 соли шартии зиндон маҳкум карданд ва барои 20 сол аз ҳаққи коргардонӣ, филмноманвисӣ, мусоҳиба ва тарки кишвар маҳрум намуданд. Ҷаъфар Паноҳӣ барои чанд филми дигараш ҳам ҷоиза ба даст овардааст ва Порлумони Аврупо соли 2012 Ҷоизаи Озодии баёнро ба ӯ дод.

XS
SM
MD
LG