Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳои хунин дар шарқи Украина идома дорад


Дар остонаи ҳукми иҷро гирифтани созиши оташбас ҷангҳои хунин миёни ҷудоиталабон ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи Украина авҷ гирифт. Қарор аст, созиши оташбас рӯзи 15-уми феврал ба иҷро дарояд, аммо соатҳо пеш аз ин ҷудоиталабони тарафдори Русия, ҳамлаҳо ба нерӯҳои Украинаро бештар карданд ва аз ин сабаб умед аз иҷрои барномаи нави сулҳ дар Украина камтар шудааст. Барномаи нави хотимаи ҷанг дар Украинаро рӯзи 12-уми феврал раҳбарони Украинву Русия ва Олмону Фаронса қабул карданд. Шаҳри Дебалтсево, ки як гузаргоҳи асосии нақлиётӣ аст ва дар байни вилоятҳои Донетск ва Луҳанск ҷойгир аст, зери бомбаборони шадиди ҷудоиталабон қарор гирифт. Ба гуфтаи Вячеслав Аброскин яке аз сардорони идораи пулис, “шаҳр дар коми оташ” аст. Ҷангҳои шадид дар дигар шаҳрҳо аз ҷумла Мариупол низ идома доштаанд. Ҳукумати Украина ва Амрико, Русияро ба он муттаҳам карданд, ки ба ҷудоиталабони шарқи Украина аслиҳаи зиёде фиристодааст, то қабл аз иҷрои созиши оташбас қаламравҳои васеътарро таҳти назораташон бигиранд.

XS
SM
MD
LG