Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти майор бо ҳашт кило ҳероин


Маъмурони Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон мегӯянд, як корманди ҳифзи ҳуқуқро бо ҳашт кило ҳероин дар Исфара боздошт кардаанд. Ба иттилои Оҷонсӣ, дар якуним моҳи соли ҷорӣ ин боздошти дувумин корманди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир будааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба далели он ки ҳанӯз тафтишот идома дорад, дар бораи ному насаби нафари гумонбар чизе гуфта наметавонад, вале афзуд, “рутбааш майор будааст”.

Ба қавли Раҳматуллоев, боздошти ин корманди ҳифзи ҳуқуқ субҳи 14 феврали соли ҷорӣ сурат гирифтааст. “Рӯзи 13 феврал як сокини 36-солаи Исфара аз тарафи кормандони Оҷонсӣ боздошт шуд, ки дар даст сумкаи варзишӣ ва дар дохилаш протсесори компютер доштааст. Вақте кофтукоб мекунанд, аз дохили протсесор ҳашт кило ҳероин меёбанд. Ин фард мегӯяд, маводи мухаддир аз ӯ набуда, ба як корманди ҳизфи ҳуқуқ тааллуқ дорад”,-афзуд Хушнуд Раҳматуллоев.

Ҳоло ин ду нафар дар боздошт будаанд.

XS
SM
MD
LG