Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъд Ҳарирӣ ба Лубнон сафар кардааст


Бино ба гузоришҳо, Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири собиқи Лубнон, барои ширкат дар маросими гиромидошти ёди падараш, ки 10 сол пеш кушта шуд, ба Бейрут, пойтахти Лубнон рафтааст. Ба навиштаи матбуоти Лубнон, Саъд Ҳарирӣ дар маросими гиромидошти хотираи падараш дар маркази шаҳри Бейрут суханронӣ мекунад. Нахуствазири собиқи Лубнон баъди шикасти ҳукуматаш дар соли 2011 аз тарафи эътилофи мухолифи давлат, аз ҷумла гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешавад, Лубнонро тарк кард ва бисёр кам ба кишвараш сафар мекунад. Ӯ Арабистони Саудӣ ва Фаронсаро барои иқомат интихоб кардааст. Рафиқ Ҳарирӣ, падари Саъд Ҳарирӣ соли 2005 дар бомбгузорӣ дар Бейрут кушта шуд ва ин ҳодиса Лубнонро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ наздик кард. Дар ин ҳамла 21 нафари дигар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG