Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико амалкарди Русияро танқид кард


Ҳукумати Амрико мегӯяд, Русия ва ҷудоиталабони тарафдори он мухолифи “ҷавҳари” созиши нави сулҳ дар шарқи Украина амал мекунанд. Ҷен Саки, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, Русия ба шаҳри Дебалтсево, системаи дифои ҳавоӣ ва “миқдори зиёди тӯпхонаву мушакандоз интиқол додааст. Ба гуфтаи ӯ, Амрико маълумот дорад, ки Русия мехоҳад, ба ҷудоиталабон дар шарқи Украина лавозимоти бисёре бифиристад. Дар остонаи ҳукми иҷро гирифтани созиши нави оташбас миёни нерӯҳои Украина ва ҷудоиталабон дар рӯзи 15-уми феврал ҷудоиталабон ҳамла ба шаҳри Дебалтсеворо шиддат бахшиданд, ки ин шаҳр дар байни вилоятҳои Донетск ва Луҳанск қарор дорад. Ин вилоятҳоро ҷудоиталабони тарафдори Русия контрол мекунанд. Авҷ гирифтани ҷанг умедвориҳо аз созиши нави сулҳро камтар кардааст, ки онро раҳбарони Русияву Украина ва Олмону Фаронса рӯзи 12-уми феврал дар шаҳри Минск қабул карданд.

XS
SM
MD
LG