Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Муҳиддин Кабирӣ аз Асадулло Раҳмон


Муҳиддин Кабирӣ -- раиси Ҳизби наҳзати исломӣ аз Асадулло Раҳмон -- раҳбари Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон хостааст, барои пахши наворҳои таблиғии ин ҳизб дар остонаи интихоботи парлумонӣ иҷоза бидиҳад. Дар номаи расмии Кабирӣ гуфта шудааст, онҳо мехоҳанд навори видеоӣ, аудиоӣ ва матолиби "Посух ба саволдиҳандагон”, "Аз наҳзати исломӣ чӣ медонем” ва "Интихобот”-ро пахш кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ масъулони Ҳизби наҳзати исломиро барои паҳн кардани Си-Дии ҷангу сулҳ аз нигоҳи ин ҳизб хилофи қонуни интихобот донист. Таблиғгарони ҲНИТ ахиран Си-Диеро ба мардум доданд, ки дар он филми мустанад дар бораи воқеаҳои солҳои навадуми қарни гузаштаи Тоҷикистон ҷо дода шудааст.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи якуми марти соли ҷорӣ баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG