Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати раиси Идораи замини Фархор дар садама


Саидҷалол Ибодов – раиси Идораи замини ноҳияи Фархор дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст. Сафаралӣ Тағойзода, сардори умури дохилии ноҳияи Фархор, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ҳодиса шоми 13 феврал рух додааст.

Вай гуфт, “Ибодов баъд аз анҷоми кор ба хонааш мерафт. Ӯ дар роҳ аз идораи мошин баромада наметавонад ва ба як девори сари роҳ бармехӯрад. Дар натиҷа, девор ба болояш чаппа шуда, дар ҷои ҳодиса мефавтад.”

Саидҷалол Ибодов соли 2011 ба курсии раиси Идораи замини ноҳияи Фархор нишаста буд. Баъд аз омадани ӯ ба ин мақом иддае аз сокинон дар тақсими нодурусти замин дар ин минтақа шикоят карданд.

XS
SM
MD
LG