Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон намози ҷумъа ба хун олуда шуд


Гурӯҳе аз ифротгароён бо ҳамла ба як масҷиди шиамазҳабон дар шаҳри Пешовар дасти кам 18 нафарро куштанд ва 60 тани дигарро маҷрӯҳ карданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳангоми намози ҷумъа дар масҷиди Имомия дар рӯзи 13-уми феврал ин ифротгароён ба дохили масҷид норинҷак партоб карда ва сипас ба тирандозӣ шурӯъ кардаанд. Телевизионҳои Покистон манзараи берун омадани мардум аз дохили дуди ғализ ва бурдани маҷрӯҳон аз маҳалли ҳодисаро нишон доданд. То кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале солҳои ахир ҳамлаи сунниҳои тундрав ба шиамазҳабон дар Покистон зиёдтар шудааст.

XS
SM
MD
LG