Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо барномаи нави амниятиро қабул мекунад


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо як барномаи нави тадбирҳои амниятӣ барои муҳофизати кишварҳои узв аз терроризмро қабул карданд. Барномаи мазкур рӯзи 12-уми феврал дар як нишасти ғайрирасмии кишварҳои узв дар шаҳри Брюссел пешниҳод шуд. Ҳамлаи террористии моҳи гузашта дар Фаронса, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупоро водор кард, ки барои тақвияти мубориза бо терроризм чораҳои нав биандешанд. Аз ҷумла дар оянда, кишварҳои узв иттилоот дар бораи мусофирони ҳавопаймоҳоро ба ҳамдигар мефиристанд, тафтишти мусофирон дар марзҳоро сахттар мекунанд ва матолиби тарғиби терроризм ва ифротгароиро аз Интернет пок мекунанд. Дар баёнияи муштараки раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо омадааст, ки “Тамоми шаҳрвандон ҳақ доранд новобаста аз эътиқоду афкорашон, бе тарсу ҳарос зиндагӣ кунанд.” Дар ҳамлаҳои рӯзҳои 7 ва 9-уми январ ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли Эбдо” ва як мағозаи яҳудиён дар шаҳри Порис 17 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG