Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси мактаби махсуси камонварӣ дар Суғд


Лаҳзае аз як озмуни камонварӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Лаҳзае аз як озмуни камонварӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Дар вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, мактаби махсуси камонварӣ барои наврасон таъсис хоҳад шуд. Дар ин бора қарори Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба тасвиб расидааст.

Дар шарҳи ин қарор гуфта шудааст, ин мактаби махсус “бо ҳадафи мукаммал ва баланд бардоштани сатҳ, малакаю маҳорати камонварӣ, маънавиёту руҳияи ҷавонон ба василаи машғулиятҳои таълимӣ, инчунин омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои гуногун” таъсис мешавад.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, “қабул шудан ба мактаб бо аризаи волидон, машқварзон, варзишгарон ё намояндагони қонунии онҳо, маълумотномаи ташхиси тиббӣ ва вазъи саломатӣ сурат мегирад”.

XS
SM
MD
LG