Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина созиши оташбас эълон мешавад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, раҳбарони чаҳор кишвар дар шаҳри Минск ба мувофиқа расиданд, ки аз рӯзи 15-уми феврал дар шарқи Украина созиши оташбас ба иҷро дарояд. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз ин танку тӯпхонаҳо аз минтақаҳои даргирӣ берун кашида мешаванд. Петро Порошенко, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса 14 соат дар бораи хотима додан ба ҷанг дар шарқи Украина гуфтӯгу карданд. Дар даргириҳои байни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи Украина аз моҳи апрел то кунун бештар 5350 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG