Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама барои ҷанг зидди IS аз конгресс иҷоза хост


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, бо ирсоли қатъномае аз конгресс хост, барои истифодаи нерӯ ба зидди гурӯҳи Давлати исломӣ иҷоза бидиҳад. Ба гуфтаи Барак Обама, дар ин санад, хоста нашудааст, ки нерӯҳои заминии Амрико ба набард алайҳи ҷангҷӯён ба Ироқу Сурия фиристода шаванд. Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, ин дархост барои “Ҷанги заминие мисли Афғонистону Ироқ нест.” Ҳукумати Барак Обама аз конгресс хостааст, барои се сол ба ҷанг зидди гурӯҳи Давлати исломӣ иҷоза бидиҳад. Ҳудуди ҷуғрофиёии амалиёт муайян нашудааст. Нерӯҳои ҳавоии Амрико ҳамроҳ бо нерӯҳои кишварҳои ҳампаймон аз моҳи сентябр ба ҳамлаҳои ҳавоӣ бар зидди таъсисоту камингоҳҳои гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқу Сурияро оғоз карданд.

XS
SM
MD
LG