Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко гуфт, "хабари хубе надорад"


Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, аз мулоқот дар бораи роҳи ҳали муноқиша дар кишвараш то кунун "хабари хубе надорад" ва мавзеъгирии Русия дар мулоқот “ғайриқобили қабул” аст. Петро Порошенко, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса 14 соат дар бораи хотима додан ба ҷанг дар шарқи Украина гуфтӯгу карданд. Петро Порошенко зимни таннафус дар ин мулоқот дар шаҳри Минск дар кохи раиси ҷумҳури Белорус рӯзи 12-уми феврал сухан гуфт. Ӯ изҳор кард, ки шарту шароити Русия барояш ғайриқобили қабул аст, вале ҷузъиёте надод. Порошенко гуфт, “музокирот идома мекунад” ва ҳамеша “умед вуҷуд дорад.” Ба қавли раиси ҷумҳури Украина, вазъ “мушкил” аст, вале Меркелу Олланд “бисёр кӯмак мекунанд.” Дар даргириҳои байни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи Украина аз моҳи апрел то кунун бештар 5350 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG