Пайвандҳои дастрасӣ

Бен Ҳоҷз: Нируҳои Русия дар Украина ҳастанд


Генерал Бен Ҳоҷз-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Аврупо мегӯяд, ки нируҳои мусаллаҳи Русия мустақиман дар ҷангҳои шарқи Украина дар шаҳраки Дебалтсево мудохила мекунанд.

Ба гуфтаи фармондеҳи нируҳои амрико дар Аврупо, Русия 10 баталиони худро дар марзҳои шарқии Украина мустақар кардааст.

Дар як шабонарӯзи охир дар наздикии шаҳри Дебалтсевои вилояти Донетск 19 нафар низомиёни Украина кушта 78 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Дар ин минтақа аз охири моҳи январ ҷангҳо идома доранд.

Дар ин бора Владислав Селезнёв-намояндаи ситоди кулли Украина дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Вай ҳамчунин тасдиқ кард, ки 204 нафар низомиёни Украина дар асорати нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия қарор доранд.

XS
SM
MD
LG