Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 миллион доллар барои мубориза бо сил


Беморони сил кам шудааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Дар шаҳри Душанбе як барномаи нави USAID алайҳи бемории сил муаррифӣ шуд, ки то соли 2019 дар манотиқи кишвар амалӣ гашта, 13 миллион доллар ҳазина дорад. Муаррифии ин барнома рӯзи 11 феврал дар ҳузури намояндагони созмонҳои байналмилалии ёрирасон ва мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сурат гирифт.

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфтанд, теъдоди гирифторони сил дар кишвар дар муқоиса ба солҳои пеш камтар шудааст. Ба қавли онҳо, агар дар соли 2012 ба сари ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 193 нафар гирифтори сил рост меомад, ин рақам дар соли 2013 ба 100 нафар баробар гардидааст.

Қурбонгул Зокирова, як масъули Вазорати тандурустӣ, гуфт, инчунин фавти мубталоёни ин беморӣ ва гирифтории кӯдакон ба сил дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфтааст. “Дар соли 2014 ҳамагӣ 523 бемори хурдсол сабт гардид, ки дар қиёс ба солҳои гузашта 7 дарсад камтар мебошад”,-афзуд Зокирова.

XS
SM
MD
LG