Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони чаҳор кишвар ба мулоқоти Минск омодаанд


Кохи Кремли Маскав гуфт, ки Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар мулоқоти Минск ширкат меҷӯяд. Дар Минск-пойтахти Беларус мулоқоти чаҳорҷониба барои баррасии роҳҳои қатъи ҷангҳои шарқи Украина баргузор мешавад. Дар он Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия, Франсуоа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ширкат мекунанд.

Мулоқоти Минск бахше аз талошҳои дипломтӣ барои қатъи муноқишаест, ки дар шарқи Украина аз моҳи апрели соли 2014 то ҳол 5350 нафар ба қатл расидаанд.

Путин гуфтааст, ки қабл аз баргузории ин мулоқот бояд чанд масъала рӯшан шавад. Лоран Фабиус-вазири корҳои хориҷаи Фаронса ба радиои France Inter гуфтааст, ки “ба эҳтимоли зиёд мулоқот баргузор мешавад”, бо вуҷуди ин ки “як силсила масъалаҳои боқимонда бояд ҳал шавад”. Фабиус мегӯяд, ки мулоқоти Минск “воқеан ҳам имкони охирини музокирот аст”.

XS
SM
MD
LG