Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаллобии як афсари вазорати дифои Тоҷикистон


Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, ки як афсари вазорати дифои Тоҷикистон бо роҳи фиреб беш аз 2 ҳазор сомонии як сокини Истаравшанро аз худ намудааст. Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 11 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Сӯҳроб Мирзоев, ки аз 25 сентябри соли 2005 то 21 октябри соли 2014 ба сифати муовини командири рота оид ба таъминоти ҷангии қисми ҳарбии №13483-и нерӯҳои хушкигарди вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон фаъолият менамуд, зимни фаъолияти хизматиаш бо истифода аз мақоми хизматӣ, даст ба қаллобӣ задааст.

Ба гуфтаи манбаъ, чунончӣ, Сӯҳроб Мирзоев зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо хизматчии ҳарбии ҳамин қисми ҳарбӣ Хушназари Вориспур, ки санаи 10 августи соли 2013 аз тарафи комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан барои адои хизмат ба ин қисми ҳарбӣ сафарбар гардида буд, шинос шуда ва ба воситаи сарбоз ба боварии падараш Эшонов В. М. даромада ва тариқи телефон ӯро мутақоид кардааст, ки гӯё писараш Хушназари Вориспурро барои адои минбаъдаи хидмат ба яке аз қисмҳои низомӣ дар вилояти Суғд интиқол медиҳад.

Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, ки ин афсар сипас ба ин мақсад аз падари ин сарбоз 450 доллар талаб мекунад ва дар таърихи 3 августи соли 2014 падари Хушназари Вориспур тариқи бонк як қисми маблағро дар ҳаҷми 2045 ба номи Сӯҳроб Мирзоев ирсол медорад. Ба гуфтаи мақомоти Оҷонсии зидди фасод, ин афсари вазорати дифоъ ҳамчунин даст ба ҷиноятҳои дигар зада, аз ҷумла рӯзи 28 октябри соли гузашта ба манзили истиқоматии Эшонов дар Истаравшан омада, боқимондаи маблағро дар ҳаҷми 300 сомонӣ мегирад. Ҳамин тариқ, Сӯҳроб Мирзоев дар умум аз падари ин сарбоз 2345 сомонӣ ба даст оварда, ба ӯ зарари ҷиддӣ ворид кардааст. Дар пайи санҷиши кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод, ин афсари вазорати дифоъ ба кирдори худ иқрор шуда ва зарари расонидаашро баргардонидааст.

XS
SM
MD
LG