Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 зани тоҷикро дар Маскав боздошт карданд


Дафтари матбуотии Хадамоти федеролии назорат бар маводи мухаддири Русия гузориш додааст, ки дар Маскав 5 зан, яъне ашаҳрвандони Тоҷикистон барои тақсими ҳероин боздошт шудаанд. Ҳангоми ҷустуҷӯ аз онҳо 3 килограм мводи мухаддир пайдо кардаанд.

Корманди дафтари матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ, ки аз 5 шаҳрванди Тоҷикистон, яъне занон иборат буд, хунсо гардид. Ин занҳо аз 27 то 33 сола будаанд.

Созмондиҳандагони ин гурӯҳ дар қаламрави Тоҷикистон будаанд ва ин занонро ба Маскав фиристодаанд, то маводи онҳоро ба савдо зананд. Ҷинояткорон бар ин бовар будаанд, ки занон таваҷҷуҳи кормандони интизомиро камтар ба худ ҷалб мекунанд.

Бино ба гуфтаи намояндаи дафтари матбуотӣ, бар зидди ин занҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG