Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Узбакистон дар марз боздошт шуд


Марзбонони Қирғизистон як шаҳрванди Узбакистонро барои убури ғайриқонунии марз боздошт кардаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ин шаҳрванди Узбакистон ҳангоми гузаштан аз марз ба сӯи ноҳияи Қадамҷой 10 феврал боздошт шудааст.

Моҳи ҷорӣ бори севвум марзбонони қирғиз шаҳрвандони Узбакистонро барои убури ғайриқонунӣ аз марз боздошт мекунанд. Аз 1 феврал то ҳол дар ду ҳодисаи убур аз марз 6 нафар шаҳрвандони Узбакистон боздошт шудаанд.

Қисматҳои зиёди марзи миёни ин ду кишвар то ҳол баҳсбарангез боқӣ мондаанд. Моҳҳои ахир таниш дар марзи миёни Қирғизистону Узбакистон ва Қирғизистону Тоҷикистон бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG