Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарбоев таҳримҳои Ғарбро "бераҳмона" номид


Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарборев-раиси ҷумҳури Қазоқистон таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Русияро “бераҳмона” номид ва гуфт, ки ин таҳримҳо ба Қазоқистон низ таъсир доштааст. Вай даъват кард, ки иқтисоди ин кишвар дигар бо “доллар” кор накунад.

11 феврал Назарбоев дар ҷаласаи кобина гуфт: “Ман бовар дорам, ки Русия метавонад аз ин мушкилиҳои иқтисодӣ бо сари баланд барояд ва мо низ метавонем”.

Ин суханон гувоҳӣ медиҳад, ки Назарбоев лаҳни интиқодомези худро нисбат ба Русия тағир додааст. Вай моҳҳои охир аз мудохилаи Русия ба корҳои Украина интиқод мекард ва бим дошт, ки Русия метавонад ҳамин тавр ба корҳои Қазоқистон ва кишварҳои дигари узви Итиҳоди иқтисодии Авруосиё дахолат кунад.

Назарбоев гуфт, поин рафтани коҳиши арзиши рубли Русия дар як соли охир ба ширкатҳои Қазоқистон зарар расондааст.

XS
SM
MD
LG