Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як шабонарӯз 19 нафар кушта шудаанд


Дар як шабонарӯзи охир дар наздикии шаҳри Дебалтсевои вилояти Донетск 19 нафар низомиёни Украина кушта 78 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Дар ин минтақа аз охири моҳи январ ҷангҳо идома доранд.

Дар ин бора Владислав Селезнёв-намояндаи ситоди кулли Украина дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Вай ҳамчунин тасдиқ кард, ки 204 нафар низомиён дар асорати нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия қарор доранд.

Бино ба гузориши маркази матбуотии амалиёти вижа, дар шарқи Украина ҷудоихоҳон шаби сешанбе ба чаҳоршанбе 27 бор ба мавзеъҳои низомиёни Украина тирандозӣ кардаанд. Тӯпхонаи Украина ба ин тирандозӣҳо ҷавоб додааст.

Ҷангҳо дар шарқи Украина аз миёнаи моҳи январ аз замоне, ки ҷудоихоҳон дар ҳамлае фурудгоҳи Донетскро ба назорати худ дароварданд, шиддат гирифтааст. Ҳоло ҷангҳо барои шаҳри Дебалтсево идома дорад.

XS
SM
MD
LG