Пайвандҳои дастрасӣ

Таъини 132 додраси нав аз сӯи Э.Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 132 корманди мақомоти додгоҳӣ дар вилояту шаҳру навоҳии кишвар иваз шудаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ то кунун аз додрасҳои нав ёдоварӣ накарда, фақат гуфтааст, аз ин ҳисоб 49 нафарашон бори аввал ба курсии додрасӣ нишастаанд.

Ба иттилои манбаъ, шаш нафар аз додрасҳои тозатаъин зан будаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии худ рӯзи 11 феврал “дар назди додрасҳои тозатаъин дар робита ба таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳимояи манфиатҳои давлат, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифаҳои мушаххас гузоштааст.” Оқои Раҳмон “ба роҳ надодани қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни худи кормандони соҳа, аз ҷумла ба амалҳои коррупсионӣ даст задани онҳо" низ таваҷҷуҳ кардааст.

XS
SM
MD
LG