Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳи қонуни нафақа дар Маҷлиси Намояндагон


Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ” тағйирот ворид кардааст. Хабарнигори парлумонии Радио Озодӣ аз қавли вакилон мегӯяд, ки дар ин қонун 70 дарсад тағйирот ворид шудааст. Бар пояи ин қонун, нафақаи суғуртавии мардон аз 300 моҳ ба 240 моҳ ва аз занон аз 240 ба 180 моҳ коҳиш дода шудааст. Ҳамчунин он заноне, ки кӯдакони маъюб доранд, аз сини 43-солагӣ ба нафақа фиристода мешаванд. Барои занону мардоне, ки солҳои 1954-59 таваллуд шудаанд, бар пояи қонуни қаблӣ нафақа таъйин мешавад ва онҳое, ки аз соли 1960 ба ин тараф таваллуд шудаанд, бар асоси тағйироти нав нафақа мегиранд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар нишасти рӯзи чаҳоршанбеи парлумон гуфт, онҳое, ки дар замони шӯравӣ кор кардаанд ва ҳоло нафақаи ночиз мегиранд, бояд мутобиқ ба сабади истеъмолии кишвар нафақа дарёфт кунанд. Сини нафақа дар Тоҷикистон барои мардон 63 ва барои занон 58 таъйин шудааст. Ҳисоби миёнаи нафақапулӣ дар Тоҷикистон наздики 250 сомониро ташкил медиҳад ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи гузашта дар паёми солонааш гуфт, ки сар аз тирамоҳи оянда, он 20 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG