Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумон ба ҷонибдории "Кока-Кола" раъй дод


Парлумони Тоҷикистон рӯзи 11 феврал созишномаи сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсолии “Кока-Кола Ичечек А.С.” дар Тоҷикистонро тасвиб кард. Бар пояи ин созишнома ширкати“Кока-Кола Ичечек А.С.”-и Туркия муваззаф шудаст, ки дар Тоҷикистон як коргоҳи машруботи ғайриспирти бунёд кунад ва беш аз 80 дарсади коргарони он, сокинони маҳаллӣ бошанд. Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Кока -Кола Ичечек А.С"-и Туркия созишнома оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи маҳсулоти нӯшокиҳои гуногун дар таърихи 31 декабри соли гузашта ба имзо расида буд. Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим ва аз ҷониби ширкати “Кока-Кола Ичечек А.С.” директори генералии ҶДММ “Кока- Кола нӯшокиҳои Тоҷикистон” Мустафо Метен имзо карда буданд. Ширкати Кока-Кола яке аз бузургтарин ширкатҳои маъруф ва пуриқтидори истеҳсоли ҷаҳонӣ буда, маҳсулоти тавлиданамудаи он дар 200 кишвари ҷаҳон ба фурӯш меравад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, дар марҳилаи аввали сармоягузорӣ ҳаҷми он 30 миллион доллар ва дар марҳилаи дувум 20 миллион долларо дар бар мегирад.

Мақомоти тоҷик мӯътақиданд, бо бунёди ин корхона, аз 120 то 500 ҷои корӣ дар кишвар таъсис шуда ва солона 100 миллион литр нӯшокӣ тавлид мешавад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, давоми панҷ сол аз санаи оғози истеҳсолот пардохтҳои давлатӣ ба буҷети кишвар зиёда аз 21 миллион долларо ташкил хоҳад кард.

Ҳоло бо тасдиқ шудани ин санад аз сӯ парлумон, он мавриди амал қарор гирифта ва ба мӯҳлати 5 сол амал мекунад. Туркия яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта ва ҳаҷми мубодилаи молу коло миёни ду кишвар ба миллионҳо доллар мерасад. Дар қаламрави Тоҷикистон даҳҳо корхонаи муштарак бо иштироки сармояи Туркия ба қайд гирифта шудааст, ки умдатан дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон ва қисман коммуникатсияву саноати коркард фаъолият менамоянд. Теъдоде аз ширкатҳои туркӣ ба ҳайси иҷрокунандаи корҳо дар татбиқи чандин лоиҳаҳои сохтмонӣ ва зербиноии муҳими Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

XS
SM
MD
LG