Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паём ба Ҳасани Рӯҳонӣ, солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эронро ба ӯ ва мардуми Эрон табрик гуфтааст. Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эрониаш, аз ҷумла гуфта мешавад, ки барои Тоҷикистон муносибат бо Эрон ҳамеша мавқеи муҳиму вижаро ишғол мекунад: “Мо таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди хешро бо Эрон, ки ба заминаи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб ва суботу амнияти минтақа медонем ва ба дурнамои он бо назари нек менигарем.”

Эмомалӣ Раҳмон хоҳони тақвияти сатҳи муносибатҳо миёни ду кишвар дар бахшҳои мухталиф шуда ва умедворӣ кардааст, ки Тоҷикистон ва Эрон бо талошҳои муштарак бо ҳадафҳои худ хоҳанд расид. "Мо азми қавӣ дорем, ки ҳамшарикии судманди Тоҷикистону Эронро минбаъд ҳам идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаро боз ҳам тавсеа ва густариши тоза бахшем,»- омадааст дар поёни ин паём.

Инқилоби Исломӣ дар Эрон дар моҳи феврали соли 1979 ба пирӯзӣ расид ва Оятуллоҳ Хоманаӣ баъд аз чанд муддат Эронро Ҷумҳурии исломӣ эълон кард. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон аз соли 1991 оғоз шуд ва Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Эрон ҳамакнун яке аз ҷонибҳои сармоягузор дар тарҳҳои бузурги Тоҷикистон мебошад ва нерӯҳи "Сангтӯда-1" ва тунели "Истиқлол" аз ҷумлаи тарҳои бузурге мебошанд, ки бо сармояи ин кишвар бунёд шудаанд.

XS
SM
MD
LG