Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина ситоди артишро бо мушак заданд


Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ки баъд аз партоби мушакҳои Торнадо ба ситоди низомиён ва маҳали аҳолинишин дар шаҳри Краматоск дар шарқи Украина талафоти “зиёд”-и ҷонӣ ба амал омадааст.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳади ақал 5 нафар кушта ва 20 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. 10 феврал Порошенко дар иҷлоси порламони кишвараш гуфт, ин ҳамла ба ситоди низомиён сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи Порошенко, дар ин ҳамла ҳам шаҳрвандони ғайринизомӣ ва ҳам афсарони артиш осеб дидаанд. Идораи минтақавии Донетск, ки дар ихтиёри нируҳои ҷонибдори Киев қарор дорад мегӯяд, ки ин мушакҳо аз минтақаи Ҳорливка партоб шудаанд ва ин минтақа дар назорати ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия аст.

Эдуард Басурин-як мақоми дифои ҷудоихоҳон гуфт, ки ҷудоихоҳон “Краматорскро ҳадафи ҳамла” қарор надодаанд ва иддао кард, ки ин минтақа дар дастрасии ҷудоихоҳон нест.

Ҷеофрӣ Пиатт-сафири Амрико дар Украина ин ҳамларо маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG