Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қумсангир танҳо 2 номзади ҲНИТ сабт шуд


Cитоди интихоботии Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Қумсангир мегӯяд, аз 17 номзади маҳаллии ҳизб, танҳо 2 номзад сабти ном шудааст. Ба иттилои ин ситод, аз ҷумлаи 14 номзади ноҳиявӣ ва 3 вилоятӣ, бо далелҳои мухталиф танҳо 2 номзад -- Муҳаммаднабӣ Сайбурҳонов ва Давлат Одинаев ба қайд гирифта шуд, вале то ҳол шаҳодатномаи номзадиашонро нагирифтаанд. Ба гуфтаи манбаъ, 6 номзад (5 ноҳиявӣ ва 1 вилоятӣ) бо сабабҳое, аз ҷумла фишори мақомот, аз номзадӣ даст кашидаанд. Бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир дар конфронси ҳизбии худ 14 номзади ноҳиявӣ ва 3 номзади вилоятӣ пешбари карда буд. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Маҳмудчон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ аз ҳавзаи интихоботии Қумсангир шумораи 33 ҳамчун номзади ҲНИТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ ва сабти ном шудааст. Интихоботии парлумонии Тоҷикистон дар таърихи 1-уми март баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG