Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи 8-нафараи ҳозирҷавобони тоҷик барои ширкат дар мавсими нави маҳфили "Зарифон" дар Маскав, омодагӣ мебинанд.

Ҳозирҷавобони тоҷик, ки то имрӯз дар сабқатҳои лигаи минтақавии маҳфили "Зарифон" ё КВН рақобат мекарданд, ҳамакнун дар қатори дастаҳои беҳтарин шомил шуда, ба лигаи марказии Маскав роҳ ёфтанд.

Даъват ба лигаи марказии Маскав ба тими мунтахаби Тоҷикистон баъди ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар сабқати байналмиллалии КВН - 2015 дар Сочӣ насиб шуд. Дар ин озмун ҷавонони тоҷик байни беш аз 400 даста аз 14 кишвар, тавонистанд ба даври дуввум роҳ ёбанд.

Хайрулло Мирсаидов, раҳбари тими мунтахаби Тоҷикистон мегӯяд, мавсими нави КВН аз 5 давр иборат аст ва даври аввал аз 23 март то 27 дар Маскав баргузор хоҳад шуд. Ӯ сӯҳбаташро бо мо нахуст аз натиҷаҳои ширкати даста дар маҳфили байналмиллалии "Зарифон" дар Сочӣ шурӯъ кард:

Хайрулло Мирсаидов: “Мо аз миёни 400 даста ба 70 дастаи олӣ ворид шудем. Албатта ба галаконсерт натавонистем роҳ ёбем, чун онҷо ғолибан дастаҳои лигаи олӣ ширкат мекунанд. Барои мо, ки аввалин бор дар ин озмуни байналмиллалӣ ширкат кардем, натиҷаи хеле олӣ аст. Чун як дастае, ки касе намедонист, ҳоло ба ин сатҳ расид. Ҳоло акнун дар ин як сол мо дар лигаи марказии Маскав иштирок мекунем ва талош мекунем байни 24 даста қаҳрамон шавем ва ё ба рӯйхати 3 дастаи беҳтарин, ки дар бозиҳои ниҳоӣ ширкат мекунанд, ворид шавем. Агар муваффақ шавем, мо автоматикӣ ба лигаи олӣ дохил мешавем ва дигар бозиҳои моро тариқи телевизион дар тамоми ҷаҳон метавонанд бубинанд. Ҳоло ҳама талоши мо ба ҳамин равона шудааст. Моро хуб дастгирӣ карда истодаанд, мо барои ин нависанда ва коргардонро аз Маскав ба ҳамкорӣ даъват кардем, ки бо бачаҳо кор кунанд. Ҳамчунин бачаҳо дарси маҳорати ҳунарӣ мегузаранд. Ин бозиҳо дар кохи асосии КВН “Планета КВН” мегузарад ва шарт ин аст, ки мо бояд барои мухлисони худ чипта харем, то онҳо он ҷо ширкат ва моро дастгирӣ кунанд. Мо дӯстони зиёде дар Маскав дорем ва умедворем моро дастгирӣ мекунанд.”

Озодӣ: Дар гузашта оё ҳозирҷавобони тоҷик дар Маскав дар лигаи марказӣ, даъват шудаву рақобат карда буданд?

Хайрулло Мирсаидов: “Соли 2001 як даста аз Хуҷанд бо номи “Бригада 003” дар озмуни байналмиллалӣ дар Сочӣ ширкат карда, ғолиб омад ва он дастаро ба Лигаи якум даъват карданд. Вале он вақт на маблағгузор буд ва на маблағ, ки ҷавонон рафта ширкат кунанд. Он давраҳои баъди ҷангӣ, имконияти бачаҳо хеле маҳдуд буд. Давлат чандон дастгирӣ намекард. Ҳатто медонам бачаҳоеро, ки бо маблағи худ ба Сочӣ рафтаву ширкат карданд. Ва чун барои ширкат дар мавсим бояд гурӯҳ давоми сол чанд бор ба Маскав равад, бачаҳо ин даъватро рад карда буданд. Барои ҳамин, ин ширкати мо метавон гуфт, аввалин бор аст.”

Озодӣ: Ширкат дар ин мавсими КВН-2015 барои бачаҳо чӣ медиҳад?

Хайрулло Мирсаидов: “Албатта як таҷрибаи бузург аст. Он ҷо муҳариррон ва роҳбарони сатҳи олии ин бозӣ, ба бозиҳои мо баҳо медиҳанд. Ширкати мо дар бозии ҳозирҷавобон дар Маскав, ин яъне дар толорҳои бузургу асосии КВН ҳунарнамоӣ кардан аст. Инҷо бачаҳоро ба лигаҳои олӣ омода мекунанд.”

Озодӣ: Зимни ширкат дар маҳфили байналмилалии "Зарифон" дар Сочӣ гуфта будед, ки мехоҳед дар барномаҳои ҳаҷвиятон бештар паҳлӯҳои мусбати муҳоҷирон ва мардуми тоҷикро муаррифӣ кунед ва бигӯед, ки тоҷикон фақат кӯчарӯб нестанд. Аммо барои ширкат дар мавсими нави КВН дар Маскав, бештар сари кадом мавзӯҳо таваҷҷӯҳ хоҳед кард?

Хайрулло Мирсаидов: “Аслан барномаҳои мо аз аввал то охир муаррифии тоҷикон ба мардуми Маскав ва дигар кишварҳо аст. Вале барои ширкат дар мавсими нави бозиҳо дар Маскав, мо бо муҳаррирони худ як консепсияи нав таҳия кардаем. Мехоҳем дар бораи таърихи бойи худ ба онҳо маълумот диҳем ва бигӯем, ки мо Рӯдакиву Фирдавсӣ Синову донишмандони зиёде дорем, ки дар ҷаҳон ҳам маъруфанд. Мо мехоҳем тоҷиконро аз паҳлӯҳои хуб ва аслӣ ба маскавиҳо муаррифӣ кунем. Худо хоҳад ба мақсад хоҳем расид. ”

Ёдовар мешавем тими мунтахаби Тоҷикистон, аввалин бор баъд аз 5 сол, имсол дар маҳфили маъруфи байналмиллалии “Зарифон” дар Сочӣ ширкат кард. Гурӯҳи 8-нафараи ҳозирҷавобон, ки қариб ҳамагӣ ҷавонон аз минтақаи Суғди Тоҷикистонанд, ин бор бо дастгирии ҳукумати вилояти Суғд имкони ширкат дар маҳфили байналмиллалии “Зарифон” дар Сочиро пайдо кардаанд.

Ин гурӯҳ, солҳои қаблӣ чандин бор дар сабқатҳо миёни кишварҳои Осиёӣ Марказӣ ширкат карда, соли 2013 миёни 13 гурӯҳ дар Бишкек мақоми дуввумро касб карда буд. Аммо ба далели имконоти маҳдуди молӣ ва набуди сарпараст, харҷи ширкат дар чунин маҳфил аз кисаи худи бачаҳо пардохт мешудааст.

XS
SM
MD
LG