Пайвандҳои дастрасӣ

Назари Обама роҷеъ ба ҳали бӯҳрони Украина


Барак Обама-раиси ҷумиҳури Амрико мегӯяд, агар барои ҳали бӯҳрони кунунии шарқи Украина “роҳҳои дипломатӣ” ба кор наравад, вай имкони фиристодани аслиҳаи марговар ба Киевро низ меомӯзад. Дар шарқи Украина нируҳои ҳукуматӣ бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия даргириҳоро идома медиҳанд.

Обама 9 феврал дар Вашингтон баъд аз мулоқоти худ бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон гуфт, вай то ҳол умедвор аст, ки роҳҳои дипломатии ҳали муноқиша имкон дорад, вале рӯшан аст, ки Русия уҳдадориҳои худро дар мавриди Украина риоят намекунад.

Меркел бори дигар такрор кард, ки вай бо мусаллаҳ сохтани Киев бо аслиҳаи маргбор мухолиф аст. Вай эътироф кард, ки талошҳоидипломатӣ комёбӣ наовардааст, вале бояд ин талошҳо идома дода шавад.

XS
SM
MD
LG