Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азнавсозии оромгоҳи Туғрал ва 150-солагии ӯ


Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд

Имсол аз 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, шоири шинохтаи охири қарни 19 ва аввали асри 20 таҷлил хоҳад шуд.

Абдураҳмон Қодирӣ -- раиси вилояти Суғд, рӯзи 9 феврал дар ҷараёни боздидаш аз ноҳияи Айнӣ -- зодгоҳи Нақибхон Туғрал гуфтаааст, оромгоҳу нимпайкара ва хона - музеи ӯ бозсозӣ хоҳад шуд. “Барои анҷоми корҳо аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, бояд корҳои барқарорсозӣ дар муддати кӯтоҳтарин анҷом дода шавад. Хона-музеи шоир дар ҳавлии худи ӯ воқеъ аст”,-навиштааст сайти расмии ҳукумати Суғд.

Айёми кӯдакиву наврасии Нақибхон дар зодгоҳаш гузашта ва ӯ баъдан дар Самарқанду Бухоро ба таҳсилаш идома додааст. Айни замон ба хотири гиромидошти Нақибхон Туғрал мактаби миёнаи рақами 8-и ноҳияи Айнӣ, ки дар деҳаи Зосун мавҷуд аст, ба номи ин шоири мумтоз гузошта шудааст.

Муҳаммад Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ соли 1919 дар ноҳияи Фалғар, Айнии ҳозира, аз ҷониби сарбозони Артиши сурхи Шӯравӣ кушта шуда буд.

XS
SM
MD
LG