Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти Оятуллоҳ Гиляев тасдиқ шуд


Ҳамоиши эътирозии тоҷикон дар Екатеринбург. Моҳи сентябри 2014

Ҳамоиши эътирозии тоҷикон дар Екатеринбург. Моҳи сентябри 2014

Мақомоти амниятии шаҳри Новосибирски Русия гуфтаанд, Оятуллоҳ Гиляев – сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва яке аз аъзои созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” дар Русия боздошт шуда, феълан дар СИЗО-и рақами 1-и ин шаҳр нигаҳдорӣ мешавад.

Ин иттилоъро намояндаи раёсати зудамали ФСБ-и Русия Абдурашид Фахриев низ дар сӯҳбат бо вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров тасдиқ кардааст. Ҷаноби Ёров барои пайдо кардани ҷузъиёти бештар дар робита ба қазияи зерҳимояш -- Умедҷон Салиҳов ба Русия рафта буд.
Оятуллоҳ Гиляев 27 сол дошта, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ аст. Ва мақомоти Русия гуфтаанд, ӯ яке аз аъзои созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” аст, ки дар гирдиҳамоии рӯзи 25 сентбяри соли гузашта дар Новосибирск иштирок карда буд. Қаблан дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук рӯйхати даҳ нафаре нашр гардид, ки гуфта мешуд, аз сӯи мақомоти Русия ва Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” боздошт гардидаанд ва дар он рӯйхат номи Оятуллоҳ Гиляевро низ оварда буданд.

Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” як гурӯҳи наздик ба созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24"-и соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов аст. Раҳбари “Барои эҳёи Тоҷикистон” Мақсуд Иброҳимов моҳи январи соли ҷорӣ ба таври мармуз аз Маскава ғайб зад. Баъди чанд рӯз мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки ӯ дар боздоштгоҳи Душанбе қарор дорад.

XS
SM
MD
LG