Пайвандҳои дастрасӣ

Ифшои шабакаи қочоқи героин дар Қирғизистон


Дар Қирғизистон як шабакаи қочоқи маводи мухаддир ошкор ва боздошт шудааст, ки асосан аз кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар иборат будааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст ва мегӯяд, шабака маводи мухаддирро аз Тоҷикистон ба воситаи Қирғизистон ба Русия интиқол медод. Ба гузориши ин манбаъ, шабакаро сардори бахши ҷустуҷӯи ҷиноии Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон таъсис дода, сардори посгоҳи марзбонии Мақсад ва ду афсари кумитаи зидди маводи мухаддир низ узви он будаанд.

XS
SM
MD
LG