Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармоядори чиноӣ ба дор кашида шуд


Додгоҳи Чин тоҷири сарватманди маъданро ҳамроҳи чаҳор коршарикаш ба куштори рақибони тиҷоратияш айбдор ва ба қатл маҳкум кард. Ҳукми эъдоми Лу Ҳан, бародараш ва се марди дигар ба иҷро расидааст. Лу раҳбари ширкати “Сичуан Ҳанлонг” қаблан бизнеси қиморро дар ихтиёр дошта, бо истифода аз равобиташ бо мансабдорон аҳолии маҳаллиро дар вилояти Сичуан ба танг оварда будаааст. Гуфта мешавад, вай ба писари калонии раиси бознишастаи амнияти дохилии Чин, Жу Йон Кан, ки ҳоло ба фасод муттаҳам мешавад, робитаи дӯстӣ доштааст. Лу нахустин сармоядори баландпояи Чин аст, ки дар давраи раёсати президент Си Ҷинпин ва барномаи нави зидди фасоди ӯ ба додгоҳ кашонда шудааст.

XS
SM
MD
LG