Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави Путин ба ҳукумати Украина


Президенти Русия Владимир Путин аз ҳукумати Украина даъват кард, амалиёти ҳарбӣ ва фишори иқтисодиро дар шарқи Украина қатъ намояд. Вай ҳушдор дод, ки Киев дар роҳ ба сӯи “бунбастест, ки фоҷиаи бузурге дар пай хоҳад дошт.” Изҳороти Путин дар рӯзномаи арабии “Ал-Аҳром” дар арафаи сафари дурӯзаи ӯ ба Миср нашр шудааст. Дар он Путин Киевро ба амалиёти ҷазо дар ҷанубушарқи Украина айбдор мекунад. Дар ин низоъ аз моҳи апрел ба ин сӯ 5350 нафар кушта шудаанд. Вашингтон мегӯяд, ҷудоихоҳони Украина зери назорати Путинанд, вале бо вуҷуди далелҳои афзоянда Путин инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG