Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зайд Саидов – соҳибкори муваффақ ва раҳбари зиндонии ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав” аз раиси Додгоҳи олӣ хостааст, то баррасии парвандаҳои нави ӯ дар толори додгоҳ ва дар ҳузури хабарнигорон сурат бигирад. Вагарна, ҳушдор додааст ӯ, дар ин мурофиа иштирок нахоҳад кард.

Қарор аст, баррасии парвандаҳои нави Зайд Саидов рӯзи 12 феврали соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зери раёсати додрас – Алпомиш Акбаров сурат гирад. Ба қавли Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, нафари таҳти ҳимояташ гуфтааст, “парвандаҳое, ки мавриди баррасӣ қарор мегиранд, марбут ба масоили иқтисодӣ буда, сиррӣ нестанд ва зарурат ба пӯшида гузаронидани мурофиа нест.”

Ҷаноби Саидов гуфтааст, бисёр мехоҳад мурофиаи ӯ ба таври боз ҷараён гирад, то мардум фаҳманд, ки ӯ то куҷо гунаҳкору то куҷо бегуноҳ аст.

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар, 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм дастикам 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд.

Ӯву тарафдоронаш аммо иттиҳомоти қабливу кунуниро рад мекунанд ва сиёсӣ меноманд. Ба ақидаи Зайд Саидов ва ҷонибдоронаш, ӯ баъди эълони азми худ барои таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав таҳти таъқиби мақомот қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG