Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдилдаев ба Душанбе меояд


Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки вазири хориҷаи Қирғизистон Эрлан Абдилдаев рӯзҳои 9-11 феврал бо як сафари расмӣ аз Душанбе боздид хоҳад кард. Интизор меравад, Абдилдаев бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва дигар мақомҳои раҳбарии ин кишвар мулоқот кунад.

Ҷузъиёти дигари барномаи сафари вазири қирғиз нашр нашудааст. Вале ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки Душанбеву Бишкек инак 23 сол боз наметавонанд раванди таъин ва аломатгузории 970 километр марзи мустақими ду кишварро ба поён расонанд. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳар сол чандин бор бархӯрдҳои хушунатомез сурат мегиранд, ки мунҷар ба занозании байни сокинони рустоҳри марзӣ ва ҳатто тирпаррониҳои хунин мешавад.

То имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километр аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон пурра мушаххас шудааст.

XS
SM
MD
LG