Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 раҳбар сулҳи Украинаро баррасӣ карданд


Меркел ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ
Меркел ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ

Сухангӯи ҳукумати Олмон мегӯяд, ки раҳбарони Олмону Украина ва Фаронсаву Русия роҷеъ ба бӯҳрони Украина 11 феврал дар шаҳри Мински Беларус бо ҳам мулоқот мекунанд.

Ин эълон дар ҳоле пахш шуд, ки 8 феврал Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса, Ангела Меркел-нахуствазири Олмон, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ва Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина телефонӣ бо ҳам гуфтугӯ карданд.

Стеффен Шайберт-сухангӯи нахуствазири Олмон гуфт, ки чаҳор раҳбар тадбирҳои ояндаро дар бораи нақшаҳои сулҳи Украина дар ин сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ баррасӣ намудаанд.

XS
SM
MD
LG