Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамдигарфаҳмӣ"-и ожонси ҳастаӣ бо Эрон


Юкио Амано ва Ҷавод Зариф (акс аз бойгонӣ)
Юкио Амано ва Ҷавод Зариф (акс аз бойгонӣ)

Раиси Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаии СММ мегӯяд, ки байни ин созмон ва Эрон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон «ҳамдигарфаҳмӣ»-и муҳим ба амал омадааст.

Юкио Амано-раиси ожонс гуфт, ки Эрон бояд музокира бо ин ниҳодро пеш барад ва ҷанбаҳои аслии барномаҳои ҳастаии худро рӯшан кунад. Амано ин суханонро дар ҳошияи конфронси амниятии Мюнхен изҳор дошт.

Амано дар Мюнхен бо Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон мулоқот кард, вале дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот хабаре пахш нашудааст.

Ғарб шубҳа дорад, ки Эрон пинҳонӣ бо эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ машуғул аст, вале Эрон ин иддаоро рад мекунад. Моҳи ноябри соли гузашта Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ дар гузориши мунташираи худ гуфт, ки Эрон натавонистааст шаку шубҳаҳоро дар бораи эҷоди аслиҳаи ҳастаии худ бартараф созад.

Интизор меравад, ки гузориши навбатии Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ дар охири моҳи феврал ба нашр расад, вале Амано нахост дар бораи он чизе бигӯяд.

XS
SM
MD
LG