Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии Ҷаҳонгир дар Ҳавзаи марказии Русия


Чахонгир Зикириёв-ҷавони тоҷик дар мусобиқаҳои қаҳрамонии Ҳавзаи марказии Русия дар вазни 66 килограм қарамони дзюдо шуд. Ин мусобиқа дар шахри Курски Русия байни чавонони то 21 сола баргузор гардид.

Ҷаҳонгир Зикриёев шаҳрвандии Русияро дорад ва бо волидайнаш дар вилояти Твер зиндагӣ мекунад. Акнун вай бо ин пирузиаш имкон пайдо кард, ки дар мусобиқаҳои қаҳрамонии саросари Русия дар шаҳри Ижевск ширкат варзад. Дар сурати комёбӣ вай ба мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат хоҳад гирифт.

Солҳои охир дар минтақаҳои мухталифи Русия ҷавонони тоҷик дар навъҳои мухталифи варзиш дар мусобиқаҳо дастболо мешаванд. Анушервон Назарзода яке аз онҳост, ки соли гузашта дар шаҳри Лимассоли Қибрис дар навъи самбо қаҳрамони ҷаҳон шуд.

XS
SM
MD
LG