Пайвандҳои дастрасӣ

Маълумоти нав дар бораи кушторҳои шарқи Украина


Як рӯзнома аз қавли манобеи кашфи Олмон гузориш додааст, ки шумораи кушташудагон дар шарқи Украина 10 баробар бештар аз он аст, ки дар рақамҳои расмӣ оварда мешавад.

Рӯзномаи Frankfurter Allgemeine Sonntagszeitung (Франкфуртер Алгемайн Сонтагзайтунг) 8 феврал аз қавли як мақоми кашфи Олмон навиштааст, ки аз оғози даргириҳо дар шарқи Украина аз моҳи апрели соли 2014 ба ин сӯ ҳудуди 50 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Ин рақам нисбат ба маълумотҳои расмие, ки ҳукумати Украина ё СММ медиҳанд, хеле бештар аст. Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина зимни суханони худ дар конфронси амниятии Мюнхени Олмон 7 феврал гуфт, ки 1 200 сарбоз ва 5 400 нафар сокинон дар ҷангҳои миёни нируҳои Украина ва нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия дар минтақаи Донбас кушта шудаанд.

Ин охирин маълумотест, ки 3 феврал ба нашр расид ва СММ мегӯяд, ки тақрибан 5400 нафар дар ин даргириҳо ҷон бохтаанд. Вале корманди кашфи Олмон гуфт, ин рақам хеле кам аст ва ба воқеият дуруст намеояд.

XS
SM
MD
LG