Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи талошҳои дипломатӣ барои Украина


Порошенко, Меркел ва Байден дар Мюнхен

Порошенко, Меркел ва Байден дар Мюнхен

Талошҳои дипломатӣ барои коҳиши шиддати муноқиша дар шарқи Украина идома дорад. 8 феврал Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина ва Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия телефонӣ бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса гуфтугӯ мекунанд.

Меркел ва Олланд 5 феврал ба Киев ва сипас аз он ҷо 6 феврал ба Маскав сафар карданд, то дар бораи нақшаҳои нави сулҳи Украина гуфтугӯ кунанд. Аз моҳи апрели соли 2014 аз оғози ҷангҳои миёни нируҳои Украина ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина бештар аз 5350 нафар кушта шудаанд.

Ахиран хунрезиҳои бештар Амрикоро водор кард, ки масъалаи мусаллаҳ сохтани Украинаро ба таври фаврӣ баррасӣ намояд, вале ба ин масъала баъзе аз раҳбарони Аврупо мухолифат доранд.

Ангела Меркел 7 феврал дар конфронси амниятии Мюнхен гуфт, фиристодани аслиҳа ба Киев “заминаи пешрафтеро, ки Украина ба он ниёз дорад, таъмин нахоҳад кард”.

Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико зимни суханрониаш дар ҳамин конфронс гуфт, ки Вашингтон омода аст, ки ба Украина кӯмак кунад, то он битавонад аз худаш дифоъ намояд. Вай афзуд: “Путин хеле вақт сулҳ ваъда дод, вале тонку тӯпу ниру фиристод”.

XS
SM
MD
LG