Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико дар конфронси амниятии Мюнхени Олмон гуфт, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ё аз Украина “хориҷ мешавад” ва ё “ба муҳосираи давомдори байналмиллӣ” ва мушкилиҳои дохилии иқтисодӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Байден ин суханонро рӯзи 7 феврал изҳор дошт ва гуфт, агар Русия сиёсати мудохилагаронаи худро дар Украина тағир надиҳад, маҳофили байналмиллалӣ “барои вайрон кардани муқаррароти байналмиллалӣ” ҷавоби сазовор хоҳанд дод.

Байден гуфт, ки Русия бо мудохила дар шарқи Украина истиқлол ва тамомияти арзии Украинаро нодида мегирад. Дар ҷангҳои шарқи Украина аз моҳи апрел то ҳоло бештар аз 5350 нафар кушта шудаанд.

Ба гуфтаи оқои Байден, “раҳбарони ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина ва афроди машқдидаи онҳо мустақиман ба оқои Путин гузориш медиҳанд”.

Байден хитоб ба ҳуззори конфронси Мюнхен, ки дар миёни онҳо раҳбарони ҷаҳон ва мақомоти баландпояи кишварҳои хориҷӣ низ нишаста буданд, изҳор дошт, ки ҳеҷ кишваре соҳаи зери нуфуз надорад ва ҳар кишвари мустақил “ҳақ дорад мустақилона ҳампаймони худро интихоб кунад”. Байден ба Русия ҳушдор дод, ки наметавонад Украинаро бар хилофи хостаи худи Украина аз НАТО дур нигоҳ дорад.

XS
SM
MD
LG