Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел ба дурнамои сулҳи Украина хушбин нест


Ангела Меркел-нахуствазири Олмон баъд аз музокира бо Владимир Путин- раиси ҷумҳури Русия гуфт, дурнамои сулҳ дар Украина тира боқӣ мемонад.

Вай ин суханонро 7 феврал дар конфронси амниятии Мюнхени Олмон изҳор дошт. Дар ин конфронс аксарият аз муноқишаи миёни нируҳои ҳукуматӣ ва нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия нигаронанд. Аз моҳи апрел ба ин сӯ дар шарқи Украина дар ин муноқишаҳо бештар аз 5350 нафар кушта шудаанд.

Чанд соат пеш аз суханронӣ Ангела Меркел аз Маскав аз мулоқот бо Владимир Путин баргашт. Вай бо Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса дар Кохи Кремли Макав роҷеъ ба дурнамои сулҳи Украина бо Путин музокира анҷом доданд.

Путин, Петро Порошенко, Меркел ва Франсуа Олланд бояд 8 феврал бори дигар телефонӣ бо ҳам гуфтугӯ кунанд.

XS
SM
MD
LG