Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назорати интихобот аз сӯи 500 нозири хориҷӣ


Абдуманнон Додозода

Абдуманнон Додозода

Абдуманнон Дододзода-раҳбари дафтари Кумиссиюни Мрказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон ба матбуот гуфтааст, ки аз кишварҳои муштаракулманофеъ 100 нафар нозирон бар ҷараёни интихоботии порламонии 1 март назорат хоҳанд кард.

Раҳбарии ҳайати нозирони ин кишварҳоро Сергей Лебедев-раиси Кумитаи иҷроии кишварҳои муштаракулманофеъ бар уҳда хоҳад дошт. Ба гуфтаи Додозода, ҳоло баъзе аз ин нозирон ба Тоҷикистон омадаанд, вале бахши аслии он рӯзҳои 26-27 феврал дар остонаи интихобот вориди Тоҷикистон мешаванд.

Бар ҷараёни ин интихобот ҳамчунин нозирони САҲА ва созмони ҳамкории Шонгҳой назорат хоҳанд кард. Вале соли ҷорӣ бори аввал Амрико изҳор доштааст, ки мехоҳад 44 нозири худро ба Тоҷикистон бифиристад.

Ба гуфтаи оқои Додозода, дар маҷмуъ бар ҷараёни интихоботи порламонии Тоҷикистон 500 нозири хориҷӣ ва тақрибан 1000 нозири дохилӣ аз ҳизбҳои мухталифи сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ назорат хоҳанд кард.

Барои 63 курсии порламон бештар аз 300 номзад вориди мубориза шудаанд. 8 ҳизби сисёсӣ дар интихобот номзад пешбарӣ карданд.

XS
SM
MD
LG