Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Украина дар анҷумани Мюнхен


Интизор меравад, ки мақомоти баландпояи Украинаву Русия, Амрико ва Олмон - кишвари мизбон дар конфронси амниятии Мюнхен суханронӣ кунанд. Дар ин конфронс нигарониҳо аз вазъи Украина дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон, Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия ва Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико низ мумкин аст суханронӣ кунанд. Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина низ дар феҳристи ононе, ки суханронӣ мекунанд, оварда шудааст.

Конфронси мазкур се рӯз давом мекунад ва имрӯз дуввумин рӯзи кори он аст. Меркел ва Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса баъд аз мулоқоти худ бо Порошенко шоми 6 феврал дар Кохи Кремли Маскав бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия пешниҳодҳои нави сулҳро баррасӣ карданд.

Сухангӯи Путин мегӯяд, ки ин музокирот созанда будааст. Вале Меркел ва Олланд бидуни изҳори ақида Маскавро тарк карданд ва нишонаи пешрафте дида намешавад.

XS
SM
MD
LG